Нашри 2 видеои шикор дар Помир ва даъвати ҷаҳониён (ВИДЕО)
“Profihunt” ва дигар ширкатҳои маъруфи саёҳӣ бо нашри навори шикори бузу гусфандҳои кӯҳӣ дар Помир таблиғи шикор дар Тоҷикистонро оғоз кардаанд.
Profihunt имрӯз, 27-уми декабр бо нашри ду навори бобарори шикор дар Помир ҷаҳониёнро ба шикор дар Тоҷикистон даъват намуда, хидматҳои худро ироа кардааст.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳамасола барои шикори ҳайвонҳои нодир, аз ҷумла гусфанди Марко Поло ҳудуди 80 квота ҷудо мекунад. Арзиши як иҷозатнома барои шикори Марко Поло ҳудуди 45 ҳазор сомонӣ ва барои пармашох беш аз 200 ҳазор сомонӣ муайян шудааст.
Дар ҳоле, ки шикори ҳайвонҳои нодир барои бархе манбаи даромаду барои гуруҳи дигар саргармӣ мебошанд, ҳомиёни вуҳуш барои манъи шикори ин ҳайвонҳои камшумор пофишорӣ доранд.
Аммо масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон иддао доранд, ки бархилофи солҳои пешӣ феълан теъдоди ҳайвонҳои нодир дар Тоҷикистон муътадил буда, хатари азбайнравии комил вуҷуд надорад. Ба иттилои ин ниҳод дар пайи мониторинг муайян шудааст, ки саршумори гусфанди Марко Поло ба 23-25 ҳазор ва теъдоди бузи куҳии пармашох, ки танҳо дар Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон зиндагӣ мекунанд, феълан ба 1 ҳазори 500 расидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |