Нигаронии Убайдуллоев: Бо либоси хонагӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мегарданд...
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе аз риоя нашудани одобу фарҳанги шаҳрнишинӣ дар пойтахт изҳори нигаронӣ кардааст.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ Убайдуллоев 26-уми декабр зимни ҷаласа изҳор доштааст, ки то ҳол бархе сокинон байни либоси хонагӣ ва либос барои ҷойҳои ҷамъиятӣ фарқ намегузоранд.
Бо зикри пӯшидани либоси хонагӣ дар боғҳои фароғатию ҷойҳои ҷамъиятӣ раиси шаҳри Душанбе мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқро вазифадор кардаст, ки дар ин самт чораҳои қатъии пешбининамудаи қонунгузориро муассиртар татбиқ намоянд.
Зимни ҷаласа инчунин татбиқи паёми Президент ба парлумон, таъмини даромади буҷа, истифодаи манфиатовари иншооти моликияти коммуналӣ, вусъати тадбирҳои зидди коррупсионӣ, вазъи санитарию эпидемиологӣ ва омодагӣ ба ҷашни соли нав баррасӣ гардиданд. Акс аз Спутник
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |