Э.Раҳмон: Ба масъалаи ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аҳамияти авалиндараҷа зоҳир намоед
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аснои суханронӣ дар мулоқоти роҳбарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд, ба масоили тағйирёбии вазъи сиёсию низомӣ дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дахл кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Президент, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, “ҳолати мавҷуда аз давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ масъулияти бузурги таҳкими ҳамгироию муштаракот ва амалисозии тадбирҳои шадиди пешгирикунандаи ҳама гуна хатару чолишҳои минтақавӣ ва байналмилалиро беш аз пеш тақозо менамояд”.
Манбаъ мегӯяд, раисҷумҳури кишвар бори дигар аз роҳбарони давлатҳои аъзои созмон даъват ба амал овард, то ба масъалаи муҳимияти ҳифз ва таҳкими сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамчун тадбири муҳим дар муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ аҳамияти авалиндараҷа зоҳир намоянд.
Дар мулоқоти роҳбарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бештар ба авзои минтақа ва ҷаҳон, афзоиши хатари терроризму экстремизм, вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон ва масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияту субот дар қаламрави давлатҳои аъзои созмон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |