Ҳушдори такрории Амрико ба шаҳрвандонаш дар Тоҷикистон
Сафорати Амрико дар Душанбе дар пайи рухдодҳои маргбори Анқара ва Берлин аз шаҳрвандонаш дар Тоҷикистон хостааст, эҳтиёткор бошанд.
Ин ниҳод бо нашри такрории ҳушдор аз шаҳрвандони Амрико хостааст, тавсияҳои амниятиеро, ки моҳи ноябр ироа шуда буданд, риоя кунанд.
Сафорати Амрико дар Душанбе моҳи ноябр аз эҳтимоли ҳадаф қарор гирифтани “ҷамъи бузурги мардум ва ё гузаргоҳҳои марзӣ бо Афғонистон аз сӯи гуруҳҳои террористӣ” ҳушдор дода буд. Он замон ба шаҳрвандони Амрикои муқими Тоҷикистон тавсия дода шуд, ки аз ҷамъияти бузурги одамон ва истифода аз нақлиёти умум то ҳадди мумкин дурӣ ҷӯянд: “Ҳангоми сафар ба Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон дар мавзеъҳои марз бо Афғонистон ҳангоми торикӣ, хусусан дар ҷойҳои серҷамъият хайма назананд ва дучархасаворӣ накунанд”.
Ба иттилои Сафорати ИМА дар Душанбе, ба иттилои дарёфтии онҳо гуруҳҳои террористӣ талош доранд, ҳамоишҳои умумиро ҳадаф қарор бидиҳанд ва ё марзи давлатӣ бо Афғонистонро убур намоянд.
Аммо мақомоти тоҷик мегӯянд, вазъи амниятӣ таҳти назорат аст ва таҳдиде ба амнияти шаҳрвандону сайёҳон вуҷуд надорад. Масъулини мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, амнияти шаҳрвандони дохилию хориҷӣ дар кишвар таҳти назорат аст ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |