Намоиши расмҳои зодаи Тоҷикистон дар Амрико
22 расми наққош Владимир Глухов дар Осорхонаи санъати русии шаҳри Ню-Йорк ба намоиш мебарояд.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, намоиши ин расмҳо аз 14 то 28 январи соли 2017 дар назар аст. “Шахсоне пайдо шуданд, ки хостанд корҳои маро ба сокинони Амрико намоиш бидиҳанд. Аммо худам ба Ню-Йорк намеравам, намехоҳам ду ҳафтаи корамро аз даст бидиҳам. Ба намоишгоҳи баҳорӣ дар осорхонаи Шарқ дар Масквав омода мешавам. Ин намоишгоҳ бароям хеле муҳим аст, чун ман тоҷик ҳастам”,–гуфтааст Глухов ба “Вслух.ру”.
Владимир Иванович Глухов соли 1981 омӯзишгоҳи санъати ба номи Олимови шаҳри Душанбе ва соли 1998 Донишгоҳи давлатии санъати ба номи Сурикови шаҳри Маскавро хатм кардааст. Ӯ ҳоло дар шаҳри Тюмени Русия кору зиндагӣ мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |