Хунукназарии пулис: Суҳбат бо зан ба ҷои таъмини амнияти Э.Раҳмон
Мақомоти Ҳиндустон алайҳи Канвар Пал, корманди пулиси Деҳлӣ барои хунукназарӣ дар таъмини амнияти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон таҳқиқот оғоз кардаанд.
Тибқи иттилои расонаҳои ҳиндӣ Канвар Пал 17-уми декабр ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Деҳлӣ ба ҷои таъмини амнияти раҳбари Тоҷикистон ба суҳбати телефонӣ бо ҳамсараш машғул будааст.
Мақомоти пулиси Ҳинд мегӯянд, маъмурин барои таъмини амнияти Эмомалӣ Раҳмон, ки бояд соати 10:30 меомад, дар хатсайр ҷойгузорӣ шуданд. Аммо Анто Алфонсе, ки таъмини амнияти Эмомалӣ Раҳмонро дар Ҳиндустон ба уҳда доштааст, мушоҳида кардааст, ки Канвар Пал ҳангоми адои вазифаи хидматӣ ба суҳбати телефонӣ бо ҳамсараш машғул шудааст: “Ӯ фавран ба шуъбаи пулис интиқол дода шуд ва алайҳаш чораҳои идорӣ андешида мешаванд”.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо сафари давлатӣ аз 14 то 18-уми декабр дар Ҳиндустон қарор дошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |