Андуҳи Президенти Тоҷикистон аз суқути ҳавопаймои Русия (ВИДЕО)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 25-уми декабр бо ирсоли барқияи тасаллият ба Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия аз суқути ҳавопаймои ҳарбӣ-нақлиётии ин кишвар изҳори андуҳ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Путин аз ҷумла омадааст: “Хабари фоҷиабори суқути ҳавопаймои ҳарбӣ-нақлиётиро дар акваторияи Баҳри Сиёҳ, ки дар он хизматчиёни ҳарбии Россия, намояндагони гурӯҳҳои эҷодӣ ва воситаҳои ахбори омма қарор доштанд, бо андӯҳи гарон дарёфтам. Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез мо дар Тоҷикистон дарди ин талафоти вазнинро якҷо бо Шумо қисмат мекунем. Хоҳишмандам тасаллияти амиқ ва ҳамдардии моро ба тамоми наздикону пайвандони ҳалокшудагон расонед».
Ҳавопаймои "Ту-154", ки соли 1983 истеҳсол шудааст, субҳи 25 декабр ҳафт дақиқа баъди парвоз аз фурудгоҳи Сочӣ дар Баҳри Сиёҳ суқут кардааст. Ҳавопаймо ҳомили 92 нафар, аз ҷумла 9 хабарнигори шабакаҳои “ОРТ”, Звезда”, НТВ, 64 узви ансамбли маъруфи Александров ва ҳайати халабонҳо будааст, ки дар роҳ ба Сурия барои табрики низомиёни рус бо Соли Нав қарор доштааст. Феълан кофтукоби ҷасади ҳалокшудагон ва таҳқиқи сабаби суқути ҳавопаймо идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |