Эҳтимоли 7 соли зиндони ҷавоне, ки навори латту кӯби муҳоҷири тоҷикро нашр кард
Парвандаи ҷиноии як сокини 21-солаи Воронеж, ки шаҳрванди Тоҷикистонро латту кӯб ва ин манзараро ба навор гирифт, ба додгоҳ ирсол шудааст.
Дафтари матбуоти Кумитаи тафтишотии Русия гуфтааст, ин ҷавон ҳамчунин дар барангехтани кинаву адовати нажодӣ муттаҳам мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дастгиршуда моҳи июли соли 2015 дар кӯча ба як муҳоҷири тоҷик ҳамла намуда, ӯро латту кӯб ва ин манзараро дар телефони мобилиаш сабт кардааст. Баъдан ин наворро аз манзили худ дар шабакаи иҷтимоии “ВКонтакте” нашр мекунад.
Дар сурати исботи гуноҳ, ӯро то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |