Азизи Нақибзод
Пеш аз сафар ба ҷумҳурии Утриш дар бораи сатҳи иқтисоду вазъи иҷтимоии ин кишвар ва умуман давлатҳои Аврупо аз рӯи мутолиаҳоям тасаввурот доштам. Аммо тавре мегӯянд, “шунидан кай бувад монанди дидан?” Ин кишварро ободтар аз ончи тасаввур менамудам, дарёфтам. Аммо инҷо аз пешрафтҳои Утриш ҳарф намезанам, балки аз сабабҳои пешрафташ хоҳам гуфт.
Чаро ҷумҳурии Утриш ва дигар мамолики Аврупо дар сатҳи олии рушд қарор доранд ва мардумаш аз беҳтарин шароити иҷтимоӣ бархурдоранд? Яке аз сабабҳои асосии пешрафти ин давлатҳо дар риояи бечунучарои қонун ва қоъида аз ҷониби тамоми ақшори ҷомеъа аст. Як мисоли оддӣ дар муқоиса бо Русия меорам. Дар Русия ба метро, автобус ё трамвай ба воситаи “турникет” бо ворид намудани билет мегузаред. Аммо бо вуҷуди ин русҳо ва муҳоҷирони зиёде ҳастанд, ки аз болои “турникет” бидуни пардохти пул ҷаҳида мегузаранд. Дар Аврупо баръакси ин ҳолро мушоҳида мекунед. Дарҳои метро ва дигар намуди нақлиёт “турникет” надорад, ҳеч маъмури назоратгар низ. Вале, касе бе билет вориди нақлиёт намешавад. Қоъидаро касе вайрон намекунад.
Меҳмонхонае, ки чанд шабро дар он гузарондем, моликияти шахсӣ буда, таърихи 500-сола доштааст. Ин меҳмонхона аз рӯи меъёрҳои муосири аврупоӣ меҳмонхонаи оддӣ маҳсуб меёбад. Аммо инҷо гап сари он аст, ки 500 сол аст, ки як хонавода пушт ба пушт аз даромади ҳамин меҳмонхона зиндагии сазовор ва шоиста ба сар мебаранд. Ва мешавад бовар карду эътимод дошт, ки 500 соли дигар наслҳои ояндаи соҳибмулк аз даромади моликияташон зиндагӣ хоҳанд кард. Ба назар бояд гирифт, ки моликияти шахсӣ ҳам дар зери ҳимояи давлат аст ва дар баробари ин давлат ҳам аз ин амал бо гирифтани андоз суд мебарад. Хуллас, амнияти сармоя аз тарафи қонун ва давлат ҳифз мешавад.
Инҷо ду масъала вуҷуд дорад. Аввал сухан аз эътимод аст, эътимод ба қонун ва давлат, ки кафолати амнияти сармояро медиҳад ва ҳифз мекунад. Аз инҷо бовар ба фардо пайдо мегардад ва ҳамин бовару эътимод аст, ки сабаби сарфи сармоя барои рушду тараққиёт мегардад.
Масъалаи дувум, ин ҳарфи мерос аст. Вақте ки аз падару бобо ба бозмондагонаш сармоя ё моликият ба мерос мерасад ӯ дигар дар фикри рушди худ ва худсозӣ мегардад, на аз паси пулковӣ ва нонҷуӣ. Ҳаминҷо як мисраъ аз шеъри Бозор Собир ба ёдам мерасад, ки мегӯяд: “…Мероси падар кадуи носи падар аст”. Манзури шоир ин аст, ки барои тоҷик ба фарзандаш танҳо кадуи нос ба мерос мемонад. Аммо масъалаи мерос боз бармегардад ба ҳамон бовар ва эътимод, ки мутаассифона дар кишварҳои ҷаҳони саввум вуҷуд надорад.
Дар мисоли Тоҷикистон мо ҳамеша аз эътимод ба кафолати давлат намудан ва дастгирии соҳибкорону сармоядорон ҳарф мезанем, аммо рӯз аз рӯз овозаҳои интиқоли сармояи сармоядорони тоҷик ба Дубай, Бишкек, Маскав ва ҳатто ҷумҳурии Гурҷистон бештар мегарданд. Ин раванд бозгӯи он аст, ки сармоядорони мо эътимодро аз даст додаанд.
Фукуяма, назарияпардози сиёсии ҷаҳони муосир, ки ҳам яке аз охирин асарҳояш “Эътимод” ном дорад, сабаби асливу асосии бақо ва рушди дунёву давлатҳоро ба эътимод марбут медонад. Фикр мекунам, ки агар мо ҳам натавонем эътимодро аз як вожаи хушку холӣ ба як арзиши ахлоқиву иҷтимоӣ табдил диҳем, рушдеро нахоҳем дошт.