Тоҷикистон парвозҳои “Уралская авиалиния”-ро қатъ кард
Тоҷикистон парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Уралская авиалиния”-ро аз Русия ба Душанбе қатъ кардааст.
Дар ин бора Юсуф Раҳмонов, сардори раёсати авиатсиаи граждании Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба “РИА Новости” хабар додааст. Юсуф Раҳмонов гуфтааст ин парвозҳо аз шаҳрҳои Краснодар, Уфа, Челябинск ва Красноярск ба самти Душанбе қатъ шудаанд.
Юсуф Раҳмонов гуфтаст: “Ҳамчун иқдоми ҷавобӣ чор парвози ширкати “Уралская авиалиния”-ро, аз шаҳрҳои Краснодар, Уфа, Челябинск ва Красноярск ба самти Душанбе қатъ мекунем". Ин тасмими ҷониби Тоҷикистон дар ҳолест, ки Русия 23 декабр парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр”-ро ба ғайр аз шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург ба минтақаҳои дигари ин кишвар қатъ кард.
Вазорати нақлиёти Русия дар ин маврид бо ишора ба гуфтушуниди 22 декабри мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистону Русия гуфтааст: “Тоҷикистон бо нақзи созишномаи дар мавриди парвозҳо миёни ин ду кишвар ва инчунин протоколи имзошудаи 7-уми ноябр ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” ризоият надод”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |