Таҷдиди НБО-и «Норак», ки беш аз 300 миллион доллари амрикоиро тақозо мекунад, эҳтимол аз ҳисоби Фонди зиддибӯҳронии Бонки рушди АвруОсиё сурат мегирад ва дастгоҳҳои асосию ёридиҳанда барои нерӯгоҳ дар корхонаҳои кишварҳои узви бонк сохта мешаванд.
Ба иттилои Хадамоти матбуотии Бонки рушди АвруОсиё, ин яке аз роҳҳои навсозии НБО – и «Норак» аст, ки рӯзе пеш зимни гуфтушуниди ҳукумати Тоҷикистон ва масъулини Бонк дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.Масъулини Бонк изҳор медоранд, ки муҳиммияти таҷдиди «Норак»-ро барои Тоҷикистон дарк карда истодаанд ва агар бо ҳукумат ба мувофиқа оянд, имкони молиро барои анҷом додани ин лоиҳа доранд.НБО – и Норак бо иқтидори 3000 МВт чоряки барқи тавлидшаванди Тоҷикистонро истеҳсол карда, соли 1972-юм ба истифода дода шудааст. Агрегати охирони он соли 1979 ба кор андохта шудаст.
Айни ҳол ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, таҷҳизоти электрикию обии нерӯгоҳро нав карда, низоми идора ва муоинаи нерӯгоҳро муосир намояд.Ба сифати маблағугузори эҳтимолии навсозии «Норак», дар ҳоли ҳозир Бонки рушди АвруОсиё баромад мекунад, ки соли 2006 аз ҷониби Русия ва Қазоқистон таъсис ёфта, баъдтар ба он Беларус Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ворид гардиданд.
Мӯҳр