Эҳтимоли нахустин нахуствазири зан шудани як мусалмон дар Руминия
Ҳизби сотсиал-демократи Руминия, ки барандаи интихоботи 11 декабр эълон шуд, як зани мусалмонтаборро ба мақоми нахуствазирӣ пешниҳод кардааст.
Севил Шойида, узви 52-солаи ин ҳизб барои расидан ба ин мақом бояд раъйи аксарияти парлумонро ба даст оварда, тавассути раисҷумҳур мавриди таъйид қарор бигирад. Дар сурати даст ёфтан ба ин мақом Шойида аввалин нахуствазири зани Руминия хоҳад шуд. Ӯ дар ҳукумати қаблии ин кишвар масъулияти вазири рушди минтақаии Руминияро бар душ дошт.
Севил Шойидаи аз модари тотор ва падари турктабор дар Руминия ба дунё омадааст. Ба навиштаи расонаҳо, Ҳизби сотсиат-демократи Руминия аз 465 курсии парлумон 250-тои онро дар ихтиёр дорад ва ин теъдод эҳтимоли нахуствазир шудани Сувил Шойидаро зиёд кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |