Президент дар бораи таҳмилӣ будани ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва сенарияи монанди Сурияву Ироқ...
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш ба парлумон изҳор дошт, ки ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 дар Тоҷикистон бо дахолати кишварҳои хориҷ сар зад.
Ба таъкиди Президент, ибтидои солҳои 90-и асри гузашта Тоҷикистон бар асари мудохилаи бархе кишварҳои хориҷӣ, ки зери шиори демократикунонии ҷомеа сурат гирифт, ба гирдоби мухолифатҳои шадиди дохилӣ гирифтор шуда, ин раванд ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва фоҷиаи бародаркушӣ оварда расонд: “Мардуми шарифи Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷангеро хуб дарёд доранд, ки аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади ба сари мардуми мо таҳмил кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ оғоз шуда, боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ва хисороти азими иқтисодӣ гардид”.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, тамоми бадбахтиҳое, ки дар Тоҷикистон солҳои 90-ум шуда гузашт, айнан дар Сурия, Ироқ, Афғонистон ва Яман дида мешавад: "Қавмҳо ва мардумони ин давлатҳо гуноҳе надоранд”.
Раисҷумҳур дар идома афзуд, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Тоҷикистонро даҳсола ба ақиб бурда, мардумро маҷбур сохт, барои бартараф кардани хисороти он солҳо захмати шабонарӯзӣ бикашанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |