Шарҳи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар бораи сабабҳои фурӯрезии айвони “Шарқи озод”
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон сабаби фурӯрезии қисмате аз айвони бинои Муҷтамаи табъу нашри “Шарқи озод”-ро шарҳ додааст.
Торнамои ин ниҳод мегӯяд, дар пайи чаппа шудани пораи девори бетонӣ дар ин бино гуруҳи вижаи корӣ созмон дода шуд: “Баъди ошноӣ ва омӯхтани маълумотҳои гирдомада гуруҳ ба натиҷа расид, ки сабабҳои сарозер шудани девори бетонӣ инҳо будааст:
- тӯли замони истифодаи бино сохтусозҳои металии он зери таъсири метереорлогӣ хӯрда шудаанд;
- ба сабаби шамол ва боришот плитаи девор дар ҳолати садамавӣ қарор гирифтааст.
Дар натиҷаи афтиши плитаи бетонӣ сохтори айвонҳои ошёнаҳо, ки қаблан ҳам оҷилан бояд таъмир мешуд, зарар дид”.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло наҷотдиҳандаҳои кумита ба бартараф сохтани хатари ҳодиса дар ошёнаҳои поён машғуланд: “Бояд зикр кард, ки ҳамаи корҳо дастӣ анҷом мешаванд. Баъди ба даст овардани хулосаи комиссияи ташхисӣ корҳои аз байн бурдани хавфу хатар ин вайронӣ оғоз карда хоҳанд шуд”.
Ба гуфтаи муҳофизони бинои “Шарқи озод” қисмате аз айвони ошёнаи 12-и бино нимашаби 18 ба 19 декабр фурӯ рехтааст. Пораҳои он рӯйи боми дафтари “Авесто” рехта, онро хароб кардааст. Кормандони ин хабаргузорӣ ҳоло муваққатан дар дигар утоқи бино фаъолият мекунанд.
Маҷтамаи табъу нашри “Шарқи озод”, ки аксари нашрияҳои давлативу хусусӣ ва чопхонаҳо онҷо фаъолият мекунанд, охири солҳои 80 ва аввали солҳои 90-и асри гузашта ба истифода дода шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |