Сониҳаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Қӯрғонтеппа-Душанбе мунҷар ба марги ду ҷавони 24 сола гардид.
Тавре аз РБДА-и ВКД ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, шаби 30-юми ноябр тахминан соати 02:00 ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра Маҳмадсафар Сатторови 30- сола ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Қӯрғонтеппа-Душанбе дар деҳаи Қизил-қалъа аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба канори чапи роҳ ҳаракат карда, ба девори хонаи шаҳрванд бархӯрда, автомашинаро чаппа мекунад. Дар натиҷа, мусофирон- Абдусамад Қаландарови 24- сола ва Парвина Сафароваи 24- сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат мерасанд.
Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта (1-уми декабр) дар ҷумҳурӣ 4 садамаи нақлиётӣ ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷа 7 нафар захм бардошта, хушбахтона талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Мӯҳр