АКС: Пирӯзии “Озодагон” дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ
Дастаи “Озодагон” мақоми аввали мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба тенниси рӯи мизро ба худ ихтисос дод.
Ин сабқат бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба муносибати Рӯзи Президент миёни идораҳои васоити ахбори омма давоми се рӯз ҷараён гирифт. Тими “Озодагон” дар ҳайати Муҳаммадюсуф Нуралиев, Муҳаммад Тилавзода, Сайф Сафар ва Ҳакими Даврон тамоми бозиҳои даставиро бо пирӯзӣ ба анҷом расонида, дар мақоми аввал нишаст. Дастаи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ҷойи дуюм ва тими телевизиони “Ҷаҳоннамо” мақоми сеюмро соҳиб шуданд.
Дар бозиҳои инфиродӣ, ки 20 декабр баргузор гардид, Зафар Аскар, намояндаи радиои Тоҷикистон ҷойи аввал, Ҳакими Даврон, намояндаи хабаргузории “Озодагон” зинаи дуввум ва Сафархӯҷа Ризоев, намояндаи телевизиони "Ҷаҳоннамо" мақоми сеюмро ишғол карданд.
Дар сабқати ҷуфтии омехта Ҷаҳоноро Шоҳқурбоновава Ҳакими Даврон ҷойи 1, Бахтовар Каримов ва Имомова ҷойи 2, Муҳаммадамин Каримов ва Гулбаҳор Раҳмонова ҷойи сеюмро гирифтанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |