Тавсияи Хадамоти оташнишонӣ дар бораи андозаи арча ва макони гузоштани он
Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати умури дохилӣ даъват кардааст, арчаҳои солинавӣ дар маконҳои номуносиб гузошта нашаванд.
Дар иттилоияи ин ниҳод, ки имрӯз, 20 декабр нашр шуд, гуфта мешавад, ин даъват ба хотири ҷилавгирӣ аз “сар задани ҳодисаҳои нохуш” сурат гирифтааст. Дар иттилоия омадааст, барои он ки дар рӯзҳои хурсандии таҷлил аз Соли нави мелодӣ ҳодисаҳои нохуш рух надиҳанд, бояд ҳар як фард қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро қатъиян риоя намояд.
Хадамот мегӯяд, арчаи солинавӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд дар ошёнаи якум ва ё дар саҳни ҳавлии назди бино гузошта шавад. Биное, ки дар он ҷо арча гузошта мешавад, бояд на кам аз ду дари баромад дошта бошад ва арчаро дар роҳрав ё даромадгоҳ гузоштан қатъиян манъ аст: “Андозаи арча бояд тавре бошад, ки шохаҳояш ба шифти хона нарасад ва аз девор камаш як метр дур истад. Дар толори арча дар ҷои махсус бояд аз се то панҷ адад оташхомӯшкунакҳои коршоям ва кампали патдор (адёл) нигоҳ дошта шавад. Агар оташхомӯшкунак набошад, метавон дар ҳаҷми аз 50 то 100 литр об нигоҳ дошт”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |