Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия кушта шудани Андрей Карлов, сафири ин кишвар дар Туркияро талоши халалдор кардани раванди беҳбуди равобити ин ду кишвар гуфтааст.
Лавров инчунин ҳадафи ин ҳамларо монеъсозӣ барои мубориза алайҳи терроризм дар Сурия донистааст. Ин мақоми аршади Русия бо ишора ба мулоқоти пешорӯи вазирони хориҷии Русия, Туркия ва Эрон афзудааст, ки дар он ҷо барои “фармоишгарон ва ташкилкунандагони ин ҷиноят, ки дар ростои амалисозии нақшаҳо монеаъ ворид мекунанд” қарор қабул мешавад.
Андрей Карлов, сафири Русия дар Анқара шоми 19-уми декабр ҳангоми суханронӣ дар намоишгоҳи аксҳои "Русия аз назари туркҳо" аз тири як нафар ҳамлагар ба қатл расидааст.
Хабаргузории “Анадолу” аз қавли Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисҷумҳури Туркия ҳамлагари ин кушторро Мавлуд Мерт Алтинтас, пулиси 22-солаи Туркия гуфтааст. Ардуғон ин кушторро шадидан маҳкум карда онро иғвоангезӣ донистааст. “Русия ва Туркия иродаи онро доранд, ки фирефтаи ин иғвоангезӣ намешаванд. Ман бовар дорам, ки ин ҳамла ба Туркия, давлат ва миллати Туркия ва инчунин иғвоангезӣ дар баробари равобити Туркия ва Русия аст. Ман бовар дорам, ки дӯстони руси мо ҳам ин далелро мебинанд”.
Бурҳон Узбилисӣ, акоси хабаргузории “Аssociated Press”, ки шоҳиди айнии ин ҳамла будааст ба “Ал Ҷазира” гуфтааст: “Замоне, ки ман расидам суханронии сафир сар шуда буд. Ман ба сафир наздиктар шудам ва акс бардоштам. Ӯ оромона сухан мегуфт ва ба тарҷумон фурсат медод, ки суханҳояшро ба туркӣ тарҷума кунад. Ногаҳон садои тир баланд шуд, ки ширкаткунандагонро ваҳшатзада кард. Ҷисми сафир рӯи замини хунолуд буд. Марде дар пеши чашмонам даргузашт. Пушти девор рафтаму шурӯъ ба аксгирӣ кардам”.
Ин акос гуфтааст ҳамлагар пас аз куштани сафири Русия нидои “Ҳалабро фаромӯш накунед. Сурия ёдатон наравад!” Бурҳон Узбилисӣ гуфтааст ҳамлагар садои “Аллоҳу акбар” ва чанд чизи дигар ҳам мегуфт аммо, ман суханҳои дигари ӯро, ки ба забони арабӣ буданд намефаҳмидам”.Навори ҳамлаи террористӣ ба сафири Русия:
Изҳороти Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар бораи қатли сафир:
Мӯҳр