Назарпурсӣ: Эътимоди русиягиҳо ба Э. Раҳмон бештар шудааст
Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори омма (ВЦИОМ) дар пайи як назарпурсӣ муайян намудааст, ки эътимоди русиягиҳо ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бештар шудааст.
Тибқи назарпурсии ҷадиди ин марказ 4 фоизи русиягиҳо ба Эмомалӣ Раҳмон эътимод доранд. Ин нишондод моҳи декабри соли гузашта ба 1 фоиз баробар буд.
Бар асоси иттилои Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори омма эътимоди аз ҳама зиёдро шаҳрвандони Русия ба Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорусия (65%) ва Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон (54%) доранд. Боварии русиягиҳо ба роҳбарони кишварҳои дигари ИДМ аз 2 то 11 дарсадро ташкил медиҳад: “Аз ҷумла ба Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон — 11%, Серж Саргсян, раисиҷумҳури Арманистон — 8%, Шавкат Мирзиёев, раҳбари Узбакистон — 6%, Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон ва Игор Додон, раҳбари Молдова-5 фоизӣ, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Эмомалӣ Раҳмон-4 фоизӣ, Георгий Маргвелашвилӣ, раисиҷумҳури Гурҷистон — 3% ва ба Пётр Порошенко — 2%-и русиягиҳо бовар доранд”.
Русиягиҳо инчунин Белорусу Қазоқистонро муваффақтарин дар ИДМ ва шарикони асосии кишварашон дар арсаи байналмилалӣ хондаанд.
Ба суол дар мавриди таъмини ҳуқуқи аҳолии русзабон кишварҳои ИДМ чунин раддабандӣ шудаанд: “Беларус-69%, Қазоқистон-38%, Арманистон-13%, Украина -6%, Қирғизистон, Озарбойҷон, Молдова, Узбакистон-5 фоизӣ, Гурҷистон, Тоҷикистон-4 фоизӣ ва Туркманистон-2%”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |