Убайдуллоев: Мубориза бо тақлидкорию фарҳанги бегона кифоя нест

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе мегӯяд, бо мақсади пешгирии омилҳои нангини ҷомеа, хусусан, бегонапарастиву хурофотпарастӣ ҳар рӯзи ҷумъа бо ҷалби масъулини дин, мақомоти умури дохилӣ ва амният дар марказҳои фурӯш ва бозорҳои шаҳр вохӯриҳои санҷишӣ-машваратӣ доир карда мешавад.
Убайдуллоев ин нуктаро охири ҳафтаи гузашта дар ҳисоботи солонааш ба вакилони халқии Душанбе изҳор дошта, таъкид намуд, зиёдаравиҳо дар адои маросими адёнӣ ва тақлидкориҳои ноогоҳона ба фарҳанги бегона ҳанӯз зиёданд.
Раиси Душанбе афзуд, барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон дар ҳамаи 73 масҷиди пойтахт, аз ҷумла 18 масҷиди ҷомеъ ва 55 масҷиди панҷвақта камераҳо, дастгоҳҳои статсионарӣ ва дастии магнитии кашфи ҷисмҳои металӣ дастрас, насб ва дар ҳолати корӣ қарор дода шуд.
Ӯ дар идома чораандешии масъулинро нокифоя хонда, ноиби раиси шаҳр Ҷамила Лангариеваро муваззаф намуд, ки дар ҳамкорӣ бо фаъолони пойтахт, институтҳои шаҳрвандӣ ва мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқ барои мубориза бо зиёдаравиҳо чораҳои таъхирнопазирро роҳандозӣ намояд.
Убайдуллоев ҳадаф аз роҳандозии чорабиниҳоро таъмин намудани волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзёбӣ кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |