Тақдими хонаи сеҳуҷрагӣ ба Дилшод дар маркази Душанбе
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ба Дилшод Назаров қаҳрамони бозиҳои олимпии Рио-2016 дар маркази пойтахт хонаи сеҳуҷрагӣ тақдим намудааст.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, хонаи нави Назаров дар кӯчаи Деҳлавӣ ошёнаи 4-ум ҷойгир мебошад.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Дилшод Назаровро бо 300 ҳазор сомонӣ ва ордени “Шараф” дараҷаи-1 қадрдонӣ кард. Як сол қабл Назаров Ордени Шараф дараҷаи 2-ро гирифта буд.
Дилшод Назаров дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78.68 метр партоб кард, ки нишондиҳандаи беҳтарини ин сабқат буд. Ӯ аз миёни ҳафт варзишгари тоҷик, ки ба Рио роҳхат гирифтанд, танҳо нафаре буд, ки нишони тиллоии олимпиро ба гардан овехт. Намояндаҳои дигари Тоҷикистон дар марҳилаҳои интихобӣ ноком шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |