Шевченко: Бад аст, ки дар Русия аз бузургии тоҷикон бехабаранд
Максим Шевченко, рӯзноманигор ва таҳлилгари Русия, гуфтааст мардуми ин кишвар бояд бештар ба фарҳанг ва суннати Тоҷикистон ошноӣ дошта бошанд.
Ин чеҳраи шинохтаи Русия дирӯз, 15 декабр зимни ширкат дар “Шоми фарҳанги Тоҷикистон” дар шаҳри Маскав таъкид кардааст, ки дар сурати бештар шудани сафари гуруҳҳои монанд аз Тоҷикистон ба Русия шинохти мардуми ин кишвар аз Тоҷикистон меафзояд.
Шевченко бо изҳори таассуф гуфтааст: “Хеле ҳам бад аст, ки дар Русия насле бузург шудааст, ки дар бораи Тоҷикистон, фарҳанг, шоирони бузург ва таърихи бойи он чизе намедонад”.
Шоми фарҳанги Тоҷикистон бо иқдоми сафорати Тоҷикистон дар Русия дар Хонаи адибони Маскав баргузор шудааст. Дар он гуруҳи мусиқии “Шамс” ва овозхони маъруф-Далер Назаров ҳунарнамоӣ кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |