Корпартоии рӯзноманигорони Euronews алайҳи тасмими раҳбарият
Рӯзноманигорони телевизиони Euronews алайҳи тасмими роҳбарият барои бастани бахшҳои украинӣ, форсӣ ва арабӣ эътироз кардаанд.
Кормандони ин шабака бо нишони пуштибонӣ аз бахшҳои мазкур корпартоии 24-соата эълон карданд, ки он нисфишабии 15 декабр шуруъ шуд. Рӯзноманигорон ва кормандони техникӣ гуфтаанд, дар ин муддат барномаи иттилоотӣ таҳия намекунанд.
Роҳбарияти шабака ният дорад, аз моҳи апрели соли 2017 ба далели камбуди молӣ бахши украиниро бандад.
Бори аввал дар таърихи Euronews 5 декабр рӯзноманигорон корпартоӣ карданд. Он замон рӯзноманигорон роҳбарони шабакаро дар ҷорӣ кардани сензура ва инъикоси ғайривоқеии иттилоъ айбдор карданд.
Сар аз моҳи феврали соли 2015 аз нисф бештари саҳмияҳои Euronews дар ихтиёри миллиардери мисрӣ Нагиб Савирис аст. Ин тоҷир баъди сафари Владимир Путин, президенти Русия ба Миср, саҳмияҳои шабакаро харид. Баъди фурӯхтани саҳмияҳо рӯзноманигорон ба сиёсати идорӣ ва мустақилии шабака шубҳа карданд. Дар ҳоли ҳозир шабакаи амрикоии NBC News ният дорад қисме аз саҳмияҳои Euronewsро харидорӣ кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |