Сокинони кӯчаи Фазлиддин Шаҳобови ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мегӯянд, наздики 10 сол аст, ки мушкили онҳо дар заминаи дарёфти неруи барқ ҳалли худро наёфтааст.
Сокинони ин кӯча дар аризае унвонии Маҳмадсаид Убайдуллов, шаҳрдори пойтахт гуфтаанд, муроҷиатҳояшон ба ширкати “Барқи тоҷик” ва шабакаҳои барқи ноҳия натиҷае надодаанд. Ба гуфтаи онҳо, ин аризаи шикоятиро соли 2015 ба раиси шаҳр ирсол карда буданд ва Убайдуллоев ба масъулин супориш дод, то ин мушкил бартараф шавад, аммо чорае андешида нашудааст: “Рӯзҳои 8 то 10 декабри соли 2016 мо сокинон қувваи барқ надоштем. Ба Шабакаи барқии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба рақамҳои 227-10-50, 227-10-51 ва инчунин ба ШСХК “Барқи Тоҷик” бо шумораи 235-86-74; 235 86 84; 610-60-50; 295-202 дар тамос шудем, вале давоми якшабонарӯз ягон чора андешида нашуд. Мо сокинон маҷбур шудем, ки ба Шумо нависем”.
Як нусхаи аризаи сокинони ин кӯча, ки унвонии шаҳрдори Душанбе навишта шудааст, ба “Озодагон” ҳам фиристода шуд, ки бидуни таҳрир пешниҳоди хонанда мегардад.
“Ба Раиси шаҳри Душанбе
муҳтарам Убайдуллоев М. У.
аз номи истиқоматкунандагони
кӯчаи Фазлиддин Шаҳобов,
ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт
Ариза
Муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоевич,
Бо ибтикор ва меҳнати пурсамари Шумо пойтахти азизамон шаҳри Душанбе рӯз ба рӯз тарҳи худро дигар намуда, ба як шаҳри зебоманзар табдил меёбад. Дар ин бобат Шумо ҳамчун сиёсатмадор, роҳбари кордон, пуртаҷриба, бо хислатҳои неки инсонӣ, баҳри амалӣ гардидани нақшаҳои азими созандагӣ ва волоияти қонун дар пойтахт ғамхорӣ зоҳир менамоед.
Умедворем, ки Шумо ба ин масъалаи ҳалталабе, ки пешорӯи мо сокинон омадааст, таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, барои ҳалли он мусоидат мекунед.
Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки қариб ҳафт – ҳашт сол мешавад, ки мо сокинони кӯчаи Фазлиддин Шаҳобов аз норасоии барқ танқисӣ мекашем. Қариб ҳар рӯз дар кӯчаи мо панҷ – шаш маротиба барқ хомӯш мегардад. Дар як рӯз то 2 – 6 соат барқ қать карда мешавад. Рӯзе мешавад, ки то 10 соат барқ надорем. Мо сокинони кӯча маҷбур мешавем, ки ба шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе занг занем ва аз ҷониби кормандони Шабакаи барқии шаҳри Душанбе пайваста танҳо як ҷавоб мегардонанд, ки “дар наздикии “Боғи Ғалаба” садама шудааст, намедонем, кай таъмир мешад”, гуфта гушаки телефонро мемонанд (227-10-50 ва 227-10-51). Баъзан вақт дар ТП 118 садама мешавад, мо сокинон ба Шабакаи барқии шаҳри Душанбе тамос мегирем, ки омода садамаро бартараф кунанд. Вале аз ҷониби кормандони Шабакаи барқии шаҳри Душанбе нисбати ин масъала ягон чора намеандешанд, агар чорае андешанд ҳам баъд аз чанд соат бо зораву тавалло меоянд. Борҳо мешавад, ки мо сокинон маҷбур шудем, ки аз ҳисоби худ ТП 118-ро таъмир намоем.
Аз трансформатори мазкур кӯчаҳои Фазлиддин Шаҳобов, Ғанӣ Абдулло, Заҳматообод ва Сари Осиё истифода мебаранд. Вале аз ҷониби бархе истиқоматкунандагони Ғанӣ Абдулло аз равшанидиҳандаи кӯчаҳо бо таври дуздӣ истифода мебаранд, ки мо сокинони кӯчаи Фазлиддин Шаҳобов ба Шабакаи барқии шаҳри Душанбе бо воситаи телефон муроҷиат кардем. Аз тарафи кормандони Шабакаи барқии шаҳри Душанбе омада ноқилҳои пайвастшударо буриданд. Вале пас аз чанд рӯз боз аз ҷониби шахсони номаълум пайваст карда шуд. Инчунин аз ҷониби як хел шахсони мансабдори маҳаллаи Мирзо Турсунзода, алоҳида бо ноқилҳои барқии ғафс барқ кашидаанд. Мо сокинон чанд бор баромада гуфтем, ки ин трансформатор қувваи тавоноиаш кам аст, дағалона ҷавоб медиҳанд, ки “ман аз Шабакаи барќии шаҳри Душанбе иҷозат гирифтаам”. Чӣ тавр Шабакаи барқии шаҳри Душанбе аз ТП 118 ба маҳаллаи Мирзо Турсунзода барқ гирифтанро иҷозат медиҳад? Дар маҳаллаи Мирзо Турсунзода худ алоҳида трансформатор насб карда шудааст.
Барои ислоҳ шудани ин вазъият борҳо ба шахсони масъул, аз ҷумла ба раиси ШСХК “Барқи Тоҷик” Исмоилов Мирзо муроҷиат кардем, ки ба мо як трансформатор насб кунанд, вале мушкилии мо ҳанӯз ҳам ҳал нагаштааст. Дар фасли зимистон азоби сокинони кӯчаи мо даҳчанд мешавад. Пиронсолону кӯдакон ва одамони бемор нисбат ба дигарон азоби зиёдтар мекашанд.
Аз ин рӯ аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки барои ҳал шудани ин мушкилот ба сокинони кӯчаи мо кӯмак расонед.
Бо камоли эҳтиром,
сокинони кӯчаи Фазлиддин Шаҳобов”.