Гилаи вазир аз соҳибкорон: Ба масҷидсозӣ майл доранду ба ёдгориҳои фарҳангӣ не...
Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон аз вакилони Маҷлиси намояндагон хост, дар мулоқот бо интихобкунандагон таваҷҷӯҳи сокинонро ба эҳё ва ҳифзи мероси нотакрори таърихию фарҳангиамон ҷалб намоянд.
Шамсиддин Орумбекзода ин нуктаро, имрӯз, 15 декабр зимни муҳокимаи парлумонӣ дар масъалаи Иҷрои буҷети давлатӣ ҷиҳати татбиқи Барномаи ҳифзи мероси ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020 иброз дошт.
Вазир гуфт, соҳибкорон ва аҳли ҷамоати кишвар дар самти ҳифзу эҳёи таърихи нодирамон ташаббуси зиёд зоҳир намекунанд: “Онҳо ба ҷои ҳифзу эҳёи таърихи нодирамон, бештар ба бунёди масҷидҳои нав даст мезананд, ки шумо депутатҳои муҳтарам аз ин хуб иттилоъ доред. Ман аз вакилон хоҳиш мекунам, ки зимни вохӯриҳо бо интихобкунандагон нисбати эҳёи мероси нотакрорамон таваҷҷӯҳи интихобкунандагонро ҳар чӣ бештар ҷалб намоянд”.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон иброз дошт, ки тибқи барномаи ҳифзи мероси ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020, ки аз ду марҳила иборат аст, барқарор намудани 10 иншоот дар марҳилаи аввал ва 9 адад дар марҳилаи дуюм пешбинӣ шудааст: “Инчунин тармими 8 иншоот дар марҳилаи аввал ва 7 адад дар марҳилаи дуюм пешбинӣ шудаст. Амалигадонии барнома дар ду марҳила сурат мегирад, марҳилаи аввал бо ҷамъбасти соли 2015 анҷом ёфт ва аз марҳилаи дуюм аллакай як сол сипарӣ гардид”.
Орумбекзода қайд намуд, ки тибқи барнома, аз ҷумла 25 қалъа, 7 мақбара, 5 мадраса, 30 масҷиди таърихӣ, 30 маъбади қабл аз исломӣ бояд бо таъмиру тармим фаро гирифта шаванд: “Аз онҳо бояд 17 ёдгорӣ тармим, 11 ёдгорӣ барқарор, 8 ёдгорӣ нигаҳдошт, 5 ёдгорӣ қисман барқарор ва 2 ёдгорӣ таъмир гарданд”.
Ба қавли вазири фарҳанг аз 14 миллиону 35 ҳазор сомонии пешбинишуда, аз соли 2013 то соли 2015, танҳо 3 миллиону 984 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки 28%-и нақшаи пешбинигардидаро ташкил медиҳад: «Дар соли 2016 барои ҳифз ва истифодаи сарватҳои фарҳангию таърихӣ тибқи нақша-чорабиниҳои барномаи давлатӣ дар марҳилаи дуюм 41 миллиону 25 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд, аммо дар доираи имкониятҳои мавҷудаи буҷети давлатӣ 4 миллиону 430 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида 11,67 фисадро ташкил медиҳад”.
Шамсиддин Орумбекзода иброз дошт, ки аз иҷрои Барномаи ҳифзи мероси ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020 қаноатманд набуда, ҷалби аҳли ҷомеа ва соҳибкоронро ба ҳифзи мероси фарҳангӣ зарур хонд. Ӯ илова намуд, ки сармоягузорони хориҷӣ низ ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда истодаанд.
Лутфия Раҷабова, раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагон зимни муҳокимаи парлумонӣ гуфт, феълан 2 ҳазору 20 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ мебошанд. Ба гуфтаи Раҷабова дар маҷмуъ маблағи пешбинишуда дар доираи барнома 67,8 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки зиёда аз 60 миллионро маблағҳои буҷетӣ ташкил медиҳанд: “То ҳол 4 миллиону 384 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ гардида, таносуби иҷрои барнома аз соли 2013 то августи соли 2016 нисбат ба маблағи пешбинишуда ҳамагӣ 16,7%-ро ташкил медиҳад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |