Нерӯи барқ ва қурби асъор нархи обро дар Хуҷанд гарон кардааст (ИНФОГРАФИКА)
Сар аз якуми январи соли 2017 арзиши истифодаи об ва хизматрасонии партовобҳо дар шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд ҳудуди 20 дарсад гарон мешавад.
Дар қарори шаҳрдории Хуҷанд, ки торнамои расмии он нашр кардааст, гуфта мешавад, ин иқдом бо назардошти мактуби Корхонаи воҳидии давлатии коммуналии “Хуҷандобуканал” аз 24 ноябри соли 2016 роҳандозӣ мегардад. Тибқи қарори раиси маркази маъмурии вилояти Суғд, ки 8 декабр имзо шудааст, “нархномаи нави таъминоти оби нӯшокӣ, рафъи партовобҳо ва корҳои хизматрасонӣ дар КВДК “Хуҷандобуканал” тасдиқ гардида, аз 1-уми январи соли 2017 ҷорӣ карда мешавад”.
Аз маъмурияти шаҳр ба хабаргузории “Озодагон” гуфтанд, акнун хизматрасонии таъминоти оби нӯшокӣ барои аҳолӣ 1 сомонӣ, барои ташкилотҳои буҷавӣ 1 сомонию 70 дирам ва барои ташкилотҳои ҳисоби хоҷагӣ 6 сомонӣ муайян карда шудааст: “Хизматрасонии партовобҳо бошад, барои аҳолӣ 60 дирам, барои ташкилотҳои буҷавӣ 1 сомонӣ ва барои ташкилотҳои ҳисоби хоҷагӣ 1 сомонию 70 дирам муқаррар карда шудааст”.
Ҳоло аҳолӣ барои истифодаи 1 м3 об 0,85 дирам пардохт мекунад ва ин нархнома барои ҳамаи гуруҳҳои истифодабарандагон ба истиснои аҳолӣ бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда гуфта мешавад.
Иллати гароншавии қиммати истифодаи обро масъулини “Хуҷандобуканал” ба болоравии нархи нерӯи барқ ва тағйирёбии қурби асъор рабт медиҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |