Бахшҳо

Иштироки ҳунармандони тоҷик дар ҷашнвораи байналмилалии “Пайёмбари меҳрубонӣ”-и Эрон

Гуруҳи мусиқии “Само” аз Тоҷикистон ба дуввумин ҷашнвораи байналмилалии мусиқии “Пайёмбари меҳрубонӣ” даъват шудааст. Ин ҷашнвора 12 декабр дар Теҳрон, пойтахти Ҷумҳурии исломии Эрон шурӯъ гардид ва имрӯз, 15 декабар ба поён мерасад.

Шавқмамад Пӯлодов, овозхони гуруҳи “Само” дар як суҳбати катбӣ ба “Озодагон” гуфт, онҳо ба даъвати Сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба ин ҷашнвора омадаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҷашнвора онҳо ашъори Мавлоноро бо мусиқии суннатӣ иҷро мекунанд.

Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, дар дуввумин ҷашнвораи байналмилалии мусиқии “Пайёмбари меҳрубонӣ” гуруҳҳои мусиқӣ аз Афғонистон, Узбакистон, Покистон, Тунис ва Фаронса ҳам иштирок доранд.

Гуруҳи мусиқии “Само” соли 2006 таъсис ёфта, бо хондани ашъори шоирони клоссик,монанди Мавлоно, Ҳофиз, Аттор ва инчунин сурудҳои фолкролӣ маъруф аст. Ин гуруҳ бо иҷрои бидуни фонограмма ва навохтани созҳои мусиқии танбур, ғиҷҷак, най, рубоб ва монанди инҳо аз гуруҳҳои дигар фарқ мекунад.
Мӯҳр
Гурӯхи мусиқии "Само" яке аз он гурӯҳҳое мебошад, ки на танҳо дар қаламрави Тоҷикистон, вале берун аз он маъруфу машҳур мебошанд. Ин гурӯҳ аз аъзоёне, иборат мебошад, ки дар навохтани тамоми созҳои миллии тоҷикӣ ва хондани ашъори шоирони форсу тоҷик ҳамто надоранд. Маҳз бо шарофат ва хизмати шоёни ин қабил ҳунармандони асил, расму русуму анъанаҳо ва созу навои қадимие, ки аз аҷдодони мо мерос монданд, маҳфуз дошта шудастанд. аз фурсати муносиб истифода бурда барои эшон муваффақиятҳои нав ба нав ва фатҳи қуллаҳои баландарини фарҳангиро таманно мекунам. Доимо сиҳатманд ва сарбаланду соҳимэҳтиром бимонед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)