Чоршанбе, 5 Марта 2025
Тахриби 1144 танӯр: Раис гуфт, нигаронии мардумро мефаҳмам...

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе мегӯяд, соли равон дар доираи 130 рӯзи ободонӣ дар пойтахт биноҳое, ки худсарона ва ғайриқонунӣ бунёд гардида буданд, тахриб шуданд.
Тавре дар ҳисоботи солонаи шаҳрдори Душанбе зикр шудааст, соли равон дар ҳудуди пойтахт 164 дӯкон, 1144 танӯр, 3273 мошинсарой, 134 контейнер бартараф карда шуданд: “Дар натиҷа 559 ҳазору 279 метри мураббаъ замини истифодаи умум, ки ғайриқонунӣ ғасб карда шуд, ба ҳолати аввала баргардонида шуд”.
Убайдуллоев мегӯяд, дарк кардааст, ки ин маърака то ҷое бархе аз шаҳрвандонро нигарон карда буд: “Аммо риоя ва иҷрои Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе барои ҳар як сокини шаҳрамон ҳатмӣ мебошад”.
Ба гуфтаи раиси Душанбе аз байн бурдани сохтмонҳои ғайриқонунии тӯли даҳсолаҳо мавҷудиятдошта кори саҳл ва сатҳӣ набуд.: “Заҳмати хастагинопазири масъулин ва ҷонибдории аксари сокинон дар ин раванд баръало эҳсос мешуд ва танҳо ҳадафи ягона, ки баҳри ба тартиб овардани минтақаҳои маскунӣ роҳандозӣ шудааст, аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ пазируфта шуд, ки бо истифода аз фурсат ба ҳамаи онҳо изҳори сипос менамоем”.
Дар баробари ин раиси Душанбе масъулинро муваззаф кардааст, дар ҷои иншооти тахрибшуда майдончаҳои варзишию кӯдакона ва боғу гулгаштҳо бунёд карда шаванд: “Сабқати маҳаллаҳо барои ободонӣ дар соли оянда низ дар доираи омодагиҳо ба ифтихори 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба роҳ монда мешавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |