Дидори Мессӣ бо мухлиси “селофанпӯш”-и афғонаш (АКС+ВИДЕО)
Леонел Мессӣ, ҳамлагари тими “Барселона”-и Испания ва мунтахаби Аргентина бо Муртазо Аҳмадӣ, мухлиси хурдсоли афғонаш дидор кардааст.
Кумитаи баргузории Ҷоми ҷаҳонии футбол гуфтааст, ин дидори ситораи футбол бо мухлиси хурдсолаш 13 декабр дар шаҳри Доҳаи Қатар, ки онҷо дастаи “Барселона” бо тими “Ал-Аҳли” Арабистон бозии дӯстона дошт, баргузор гаштааст. Ба иттилои манбаъ, дар оғози бозӣ Мессӣ Муртазоро бо худ рӯи майдон овардааст.
Кумитаи баргузории Ҷоми ҷаҳонии футбол навиштааст: “Тасвире ки ҷаҳон мехост онро бубинад. Орзуи писари панҷсолае, ки мехост бо қаҳрамонаш Мессӣ дидор кунад, ба воқеият табдил ёфт”.
Акси Муртазо Аҳмадӣ, кӯдаки панҷсолаи афғон бо халтаи пластикии шабеҳи пироҳани футболбозӣ бо рақами 10 ва номи Мессӣ аввали соли равон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд ва ӯро дар саросари ҷаҳон маъруф кард. Дар пайи ин Леонел Мессӣ низ акси мазкурро дар саҳифаи Твиттераш нашр карда, баъдан ба мухлиси хурдсолаш як тӯби футбол ва ду пироҳан бо имзои худашро фиристод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |