“Гулбоғи Хайём”. Намоиши асарҳои нави Далер Миҳтоҷов дар Осорхонаи миллӣ (АКС)
Осорхонаи миллии Тоҷикистон мизбони намоиши асарҳои нави рассоми шинохтаи тоҷик -- Далер Миҳтоҷов мешавад.
Ин намоиш таҳти унвони “Гулбоғи Хайём” 17 декабри соли равон соати 15:00 ифтитоҳ хоҳад шуд.
Далер Миҳтоҷов ба “Озодагон” гуфт, дар намоиш асарҳои нави ӯ, ки бо илҳом аз эҷодиёти Умари Хайём таҳия шудаанд, пешниҳоди дӯстдорони санъат мегардад: “Инчунин, дар намоишгоҳ кори рассомони шинохта ва донишҷӯёни Колеҷи рассомии ба номи М.Олимов бо илҳом аз рубоии маъруфи Хайём – “Асрори азалро на ту донию на ман...” манзур мешавад”.
Дар расми ифтитоҳи намоишгоҳи “Гулбоғи Хайём” аз китоби “Кӯзаҳо чӣ мегӯянд?” ҳам рӯнамоӣ мешавад. Ин китоб, ки бо се забон – тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ ва хатти форсӣ таҳия шудааст, тамоми асарҳои ба эҷодиёти Хайём бахшидаи Далер Миҳтоҷовро дар бар мегирад.
Далер Миҳтоҷов яке аз наққошони шинохтаи Тоҷикистон буда, чанд соли ахир бештар ба эҷодиёти Умари Хайём таваҷҷуҳ мекунад. Намоиши асарҳои ӯ бо номи “Кӯзаҳо чӣ мегӯянд?” қаблан дар Маскав ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуда буд. Дар маҷмӯъ, намунаи корҳои Миҳтоҷов то имрӯз дар Русия, Чин, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон ба намоиш гузошта шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |