Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико зимни нахустин боздидаш аз Мянмар имрӯз гуфтааст, ки аз тағйироти ахир дар сиёсатҳои ин кишвари воқеъ дар Ҷанубу шарқи Осиё “дилгарм” шудааст.
Тейн Сейн, раиси ҷумҳури Мянмар, дар мулоқот бо Ҳилларӣ Клинтон дар шаҳри Найпидав иброз дошт: «Боздиди хонум Клинтон “марҳилаи наверо” дар ҳамкориҳои ду кишвар боз мекунад. Тайи 50 соли ахир ҳеч яке аз вазирони умури хориҷии Амрико ба Мянмар сафар накарда буд, ки онро низомиён идора мекарданд ва танҳо соли гузашта, ба навъе зимоми умурро ба ҳукумати ғайринизомӣ доданд, аммо нуфузи низомиён дар ҳукумат ҳамчунон барҷой аст.
Интизор меравад, Ҳилларӣ Клинтон имрӯз вориди шаҳри Янгон шавад ва қарор аст бо Сан Су Чӣ, раҳбари мухолифин ва барандаи Ҷоизаи Сулҳи Нобел мулоқот кунад.
Мӯҳр