Ҳукумат ба Пирзода 1 моҳ муҳлат ва 2 миллиард сомонӣ додааст
Тоҷиддин Пирзода як моҳ муҳлат гирифтааст, то нақшаи беҳбуди вазъи “Тоҷиксодиротбонк”-ро таҳия ва пешниҳод кунад.
Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон 13-уми декабр фаъолияти маъмуриятҳои муваққатӣ дар “Тоҷиксодиротбонк” ва “Тоҷпромбонк” ба анҷом расид: “Дар робита ба қарорҳои зикршуда, роҳбарияти ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва “Тоҷпромбонк” ӯҳдадор карда шуданд, ки дар муҳлати то як моҳ аз рӯзи қабули қарори мазкур нақшаи беҳбудии вазъи молиявии бонкро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намоянд”.
Дар ҳамин ҳол ҳукумати Тоҷикистон барои беҳбуди вазъи бонкҳои тиҷории кишвар беш аз 3 миллиард сомонӣ ҷудо кардааст, ки аз ин ҳудуди 2 миллиард барои "Тоҷиксодиротбонк", як миллиард барои “Агроинвестбонк” пешбинӣ шудааст.
Талоши беҳбуди вазъи молиявии бонкҳо дар ҳолест, ки Тоҷиддин Пирзода баъди 7 моҳ дубора ба мақоми раҳбари “Тоҷиксодиротбонк” баргашт. Бонки миллӣ 18 майи соли равон дар “Тоҷиксодиротбонк” маъмурияти муваққатӣ бо раҳбарии Мирҳаёт Ёқубов таъин карда буд, ки то ҳол фаъолият дошт.
“Тоҷиксодиротбонк”, дуюмин бонки калонтарини Тоҷикистон мебошад, ки дороиҳояш 483 миллион доллар баҳогузорӣ шудаанд. Моликони саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк” 5 ширкат-“Евразия”-58,89%, “Мелодиён”-11,65%, “Эҳсон”-10,99%, “Медиа Плюс”-7,38% ва “Восток”-1,11% мебошад, ки аз инҳо ширкати “Евразия” ба Пирзода марбут дониста мешавад.
Георгий Орлов, мудири БАТР оид ташкилотҳои молиявии Русия ва Осиёи Марказӣ қаблан дар шарҳи мушкилоти бонкҳои Тоҷикистон гуфт, дар пайи коҳиши содироти мол ва воридоти маблағи муҳоҷирон, низоми бонкии Тоҷикистон ба мушкилот рӯбарӯ шудааст. Ӯ афзуд, дар пайи коҳиши воридоти маблағ аз хориҷ бисёре аз шахсони инфиродӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон натавонистаанд, қарзҳои бонкиро саривақт пардозанд, ки дар натиҷа бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ дар иҷрои уҳдадориҳояшон ба мушкилот мувоҷҷеҳ шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |