Баъди садама: Э.Раҳмон истеъфои Исуповро қабул кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон истеъфои Баҳодур Исупов, масъули амнияти иншооти гидротехникии кишварро қабул кардааст.
Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” Эмомалӣ Раҳмон охири моҳи ноябр бо имзои қарори ҳукумат Баҳодур Исуповро аз мақоми сардори Хадамоти давлатии назорати бехатарӣ дар иншооти гидротехникии Вазорати энергетика ва захираҳои об барканор намудааст. Манбаъ мегӯяд, Исупов бо хоҳиши худ аз мақомаш истеъфо додааст.
Истеъфои Исупов дар ҳолест, ки шоми 28-уми октябр дар пайи садама дар низоми гидроэнергетикии Тоҷикистон ҳудуди 90 дарсади аҳолии кишвар, аз ҷумла пойтахт пурра бебарқ монд. Масъулини энергетикаи Тоҷикистон аз мардум узрхоҳӣ карданд, аммо ҷузъиёти садамаро то ҳол шарҳ надодаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |