Каримҷон Ёров, раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, “Этмос” ният дорад, телевизиони “Лайф”-ро барои иғво ва бозтоби нодурусти ахбор дар бораи ӯ ба додгоҳ бикашад.
Ёров, ки тибқи гузориши “Лайф” пулиси русро дар метрои Маскав имтиҳон мекунаду бо шеваи муноқишабарангез бозпурсӣ мекунад, имрӯз, 12-уми декабр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “Лайф”-ро барои иғво ва таҳрифи воқеият ба додгоҳ мекашад: “Гӯиё ман ҳамарӯза ба метро мераваму кори пулисро назорату сабт мекунаму санҷиш мегузаронам. Аммо дар асл чунин нест. Ҳамчун дигар шаҳрвандон ман ҳам аз метро барои рафтуомад истифода мебарам ва вақте мебинам, ки пулис шарик ё ягон ҳамватани маро боздошт мекунаду ҳуқуқҳояшро нақз мекунад, ман бетараф намешинам ва вокуниш нишон медиҳам. Аммо махсусан дар метро кори пулисро назорату санҷиш намекунам”.
Дар гузорише, ки “Лайф” шоми 11-уми декабр пахш кард, гуфта шуд, ки муҳоҷири тоҷике бо номи Каримҷон Ёров дар истгоҳҳои метрои Маскав кори пулисро назорату донишашонро месанҷад ва корашро ба навор мегирад. Ровиёни “Лайф” изҳор доштанд, ки гарчанде Ёров бо шеваи муноқишабарангез бозпурсӣ мекунаду навор мегирад, кормандони пулис бо ӯ оромона бархӯрд мекунанд. Ровӣ зимни муаррифӣ таъкид кард, ки дар ҳоле Ёров бо ин корҳояш таваҷҷуҳи пулисро ба худ ҷалб мекунад, ҷинояткорони дигар метавонанд аз вазъ истифода кунанду аз назари маъмурин пинҳон бимонанд. Гуфта шуд, ки гӯиё дар бораи “имтиҳон”-ҳои муҳоҷири тоҷик миёни пулиси метро қиссаҳои зиёданд ва маъмурин аз рӯбарӯшавӣ бо вай ҳазар мекунанд.
Каримҷон Ёров гуфт, баъди тамошои гузориш бо таҳиягари он дар тамос шуду талаб кард, ки дар ин шакл минбаъд ба пахши гузориш роҳ надиҳанд: “Бо муаллиф, ки инро таҳия кард, занг задам, ӯ узр пурсид. Гуфт матну наворро таҳияю пешниҳод кардааст, аммо шеваи пахши онро дар студия муайян намудаанд. Гуфтам, ки дар ин шакл, ки воқеӣ нест, видеои маро дигар пешниҳод накунанд ва агар такрор шавад, онҳоро ба додгоҳ мекашам. Дар барномаҳои такрорӣ гузоришро тағйир доданд”.
Ёров афзуд, ки ҳақталошияш ҳамчун як тоҷик вокунишҳои манфиро дар ҷомеаи Русия ба вуҷуд овардааст: “Агар ин корро як шаҳрванди Русия мекард, офаринаш мехонданду пулисро барои нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон муҷозот мекарданд. Аммо азбаски як тоҷик талош кардааст, аз ҳуқуқи худу ҳамватанонаш ҳимоят кунад, норозигиро ба вуҷуд овард”.
Ба гуфтаи Ёров баъди маслиҳат бо вакилони дифоъ ӯ дар мавриди ба додгоҳ кашидани телевизиони “Лайф” тасмими ниҳоӣ хоҳад гирифт.
Ин дар ҳолест, ки дар пайи нашри гузориш дар бахши русии интернет шарҳҳое нашр шуданд, ки гӯиё тоҷике акнун пулиси моро месанҷаду ба мо чӣ гуна зиндагӣ карданро таълим медиҳад. Гуруҳи дигаре, ки теъдодашон нисбатан кам аст, кори Ёровро қобили таҳсин хондаанд, ки қонунҳои Русияро аз пулиси ин кишвар беҳтар медонад.
Порае аз гузориши “Лайф” дар бораи Ёров:
Мӯҳр