Вазорати умури дохилии Тоҷикистон се бародари аз 17 то 26-сола ва хоҳари 24-солаашонро бо иттиҳоми узвият дар “ДИИШ” мавриди пайгард қарор додааст.
Ин ниҳод имрӯз, 12-уми декабр бо нашри эълон дар бораи пайгарди Турабековҳо изҳор доштааст, ки онҳо аз соли гузашта мавриди пайгард қарор доранд. Мақомоти умури дохилӣ бо пешниҳоди ном ва акси аъзои хонаводаи Тӯрабековҳо афзудааст, ки онҳо сокини ноҳияи Зафаробод, ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод мебошанд:
Турабеков Элёрбек Ҳамзаевич, санаи таваллудаш 27-уми октябри соли 1996, аз 25-уми июни соли 2015 дар ҷустуҷӯ қарор дорад.Турабекова Нодирабегим Ҳамзаевна, санаи таваллудаш 7-уми сентябри 1992, аз 20-уми июли соли 2015 мавриди пайгард мебошад.
Турабеков Худоёрбек Ҳамзаевич, санаи таваллудаш 14-уми октябри 1990, аз 20-уми июли соли 2015 дар ҷустуҷӯ қарор дорад.
Турабеков Асилбек Ҳамзаевич, санаи таваллудаш 27-уми июни 1999, аз 20-уми июли соли 2015 таҳти пайгард қарор дорад.
Мӯҳр