Ҳалокати раиси оҳангсозон ва 5 нафари дигар дар роҳҳои Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд дар пайи сонеҳаҳои нақлиётӣ, ки рӯзҳои истироҳати гузашта рух доданд, 6 нафар, аз ҷумла Шуҳрат Ашӯров, раиси Иттифоқи оҳангсозони кишвар ба ҳалокат расид.
Тибқи иттилои ин ниҳод садамае, ки бо ҳалокати Ашӯрови 54-сола анҷомид, 10-уми декабр тахминан соати 10:30-дақиқа дар ноҳияи Рӯдакӣ рух дод: “Ронандаи 35-солаи “Тойота-Прадо” ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Лоҳур ба самти ҷамоати деҳоти Эсанбои ноҳияи Рӯдакӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба ҷарии баландиаш 70-метр чаппа намудааст”.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа раиси 54-солаи Иттифоқи оҳангсозон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ронанда маҷруҳ шудааст. Шуҳрат Ашӯров моҳи июни соли равон раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон интихоб гардид. Ӯ дар қабристони Сариосиё ба хок супорида шуд.
Инчунин шоми 10-уми декабр ронандаи 35-солаи “Мерседес-Бенс” ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Ғафуров-Сомғор-Ашт” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сомғори ноҳияи Б.Ғафуров се марди пиёдгарди аз 34 то 50 соларо, ки ки дар канори роҳ ба таъмири автомашинаи тамғаи “Муссо” машғул буданд, зер кардааст: “Дар натиҷа марди 34-сола бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ду нафари дигар дар беморхона бистарӣ шудаанд”.
Дар баробари ин 10-уми декабр тахминан соати 13:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 25-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Данғара, дар ҳудуди деҳаи Розиёни ноҳияи Данғара, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “Тойота-Прадо” таҳти идораи марди 63-солаи сокини шаҳри Душанбе бархурдааст: “Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” зани 57-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Садамаи дигари маргбор 11-уми декабр, тахминан соати 03:30-дақиқа дар ноҳияи Хуросон рух додааст: “Дар пайи бархӯрди “Опел-Астра” ба сутуни бетонии канори роҳ ронандаи 21-сола ва мусофири автомашина зани 30-сола, сокини ноҳияи Вахш ба ҳалокат расидаст”.
Инчунин шоми 11-уми декабр ронандаи 71-сола ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Дӯстӣ ба самти ноҳияи Қубодиён ба автомашинаи тамғаи “Форланд” бархӯрдааст: “Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |