Шарҳи ВКД дар бораи таркиш дар НФС ва сӯхтор дар маркази савдои “Баҳор”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таркиши мошини газкашони “Дулан” дар ноҳияи Бохтар ва сӯхтор дар анбори маркази савдои “Баҳор”-и шаҳри Душанберо шарҳ додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод соати 14:00-и 10-уми декабр дар нуқтаи сӯзишвории гази моеъ, воқеъ дар ноҳияи Бохтар, ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъа, дар ҳудуди шоҳроҳи Қӯрғонтеппа-Сарбанд, ки ба шаҳрванд Раҳимов Саид, сокини 42-солаи деҳаи Ҳаёти Нави ноҳияи мазкур тааллуқ дорад, сӯхтор ба амал омад: “Сабаби сар задани сӯхтор вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми холӣ намудани гази моеъ аз нақлиёти боркашони гази моеъи тамғаи «Дулан» ба зарфи нигоҳдории гази моеъи нуқтаи сӯзишворӣ мебошад, ки шарора ба амал омада, боиси сар задани ин ҳодиса гардидааст”.
Мақомот мегӯянд, дар пайи таркиши мошини "Дулан" дар НФС ҳеҷ кас осеб надид.
Дар мавриди сӯхтор дар анбори бинои Маркази савдои «Баҳор», воқеъ дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансур мақомоти умури дохилӣ изҳор доштанд, ки соати 07:24-дақиқа ҳангоми ба ҷои ҳодиса ҳозир шудани оташнишонҳо алангаи оташ масоҳати зиёда аз 60 метри мураббаъро фаро гирифта буд: “Сӯхтор дар бинои 4-ошёна сар зада буд, ки дар ошёнаи аввали он Маркази савдо ва дар ошёнаҳои болои бино манзилҳои истиқоматӣ мебошанд. Дар натиҷаи сӯхтор ягон нафар ба ҳалокат нарасида, ҷароҳати ҷисмонӣ низ нагирифтаанд. Аз тарафи кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба маблағи зиёда аз 1 миллиону 874 ҳазору 522 сомонӣ амвол наҷот дода шуд”.
Хадамоти оташнишонӣ мегӯяд, сабаби сар задании сӯхтор бе назорат гузоштани асбоби барқӣ (кондитсионер) мебошад: “Дар рафти санҷишҳои қаблӣ бо қарори мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор истифодабарии бинои мазкур бинобар сабаби дар ҳолати ғайриқаноатбахш ҷой доштанаш, муваққатан манъ карда шуда буд. Айни замон барои муайян намудани зарар ва шахсони гунаҳкор, аз ҳисоби кормандони Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуда, таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |