Бахшҳо

Тағйироти кадрӣ ва насиҳати Р.Эмомалӣ: Муборизаи беамон баред...

Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон имрӯз, 9-уми декабр дар мувофиқа бо раисиҷумҳур дар ниҳоди тобеяш тағйироти кадрӣ амалӣ кардааст.

Тавре аз Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, бо фармоишҳои Рустами Эмомалӣ генерал майори адлия Гулмаҳмадзода Ҷамшед Гулмаҳмад аз вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе озод карда шуда, ба вазифаи сардори Раёсати амнияти дохилии Агентӣ таъин шуд.

Полковники адлия Аваззода Шараф Тавар аз вазифаи сардори Раёсати амнияти дохилии Агентӣ озод карда шуда, сардори Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе таъин гардидааст. Ба иттилои манбаъ полковники адлия Иброҳимзода Карим Иброҳим аз вазифаи муовини якуми сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд озод карда шуда, ба вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд таъин шудааст: “Полковники адлия Муҳамадзода Ҷамолиддин Муҳамад аз вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон озод карда шуда, ба вазифаи сардори Раёсати ташкилию нозиротии Агентӣ, полковники адлия Носирзода Солеҳ Зокир аз вазифаи сардори Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентӣ озод карда шуда, ба вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон, полковники адлия Аҳмадзода Музаффар Раҷаб, ки дар ихтиёри кадрҳои Агентӣ қарор дошт, ба вазифаи сардори Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентӣ, Саидшозода Ҷамшед Сафаралӣ аз мансаби муовини сардори Раёсат – сардори шуъбаи назорати давлатии молиявии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд озод карда шуда, ба мансаби сардори Раёсати назорати буҷетҳои маҳаллии Сарраёсати назорати давлатии молиявии Агентӣ таъин карда шуд. Полковники адлия Одиназода Сафармад Самад аз мансаби сардори Раёсати ташкилию нозиротии Агентӣ ва аз хизмат дар мақомоти Агентӣ бо сабаби ба нафақа баромадан озод шудаст”.

Рустами Эмомалӣ зимни суҳбат бо кадрҳои навтаъин онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу ватан ва муборизаи беамон бо ҷиноятҳои коррупсионӣ даъват намуд.

Ин тағйироти кадрӣ дар ҳолеянд, ки имрӯз, 9-уми декабр рӯзи ҷаҳонии мубориза бо коррупсия таҷлил мегардад.
Мӯҳр
Факат чойивазкуни! Ягон одами бегона дар ин гурух дохил намешавад????

Умедчон
Хак бар чониби устод лоик гуфтаанд
Бузургонро бузургони дигар зинда медоранд
Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд
Офари рустами Эмомалӣ номбардори падари худ бошед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)