АКС: Ҳаёти зани тоҷику сохтмончии чинӣ дар сархати расонаҳо
Гузориши аксӣ аз як рӯзи ҳаёти Марҷонаи 24-сола, зани тоҷик, ки бо як сохтмончии чинӣ издивоҷ кардааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои Чин нашр шудааст.
Марҷона бо шавҳараш-Ванг дар Тоҷикистон ҳангоми кор дар ошпазхонаи яке аз сохтмонҳо шинос шудааст. Ба навиштаи “Шанхайлист” Марҷона аз ҳамкорони худ забони чинӣ омӯхт ва ба ин васила бо Ванг наздиктар шуд. Ин наздикӣ дар охир бо издивоҷи ин духтари тоҷик бо марди чинӣ анҷомидаст.
Ин ҷуфт пас аз як муддат кор дар Тоҷикистон ва баъдан дар Тайван, ҳоло дар шаҳри Сичуани вилояти Шансӣ, воқеъ дар шарқи Чин зиндагӣ мекунанд.
Гузориши аксӣ аз як рӯзи ҳаёти ин зани тоҷик дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди таваҷҷуҳи зиёд қарор гирифта, бисёри шореҳон издивоҷ бо Марҷонаро бурди бузург барои Ванг хондаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |