Вазир ба аврупоиҳо: Ҷои нави ҳайкали Сино дар маҳаллаи 81 беҳтар аст
Муҷассамаи асосгузори илми тиб Абӯалӣ ибни Сино, ки соли 1984 дар маҳаллаи Қарияи боло насб шуда буд, ба маҳаллаи 81, қисмати ғарбии хиёбони А. Сино ба назди биноҳои нави Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон кӯчонида мешавад. Кӯчондани ин муҷассама дар доираи барномаи Бонки таҷдид ва рушди Аврупо оид ба навсозии роҳҳҳо сурат мегирад ва миёни масъулини бонк дар ин масъала суолҳо пайдо шудаанд.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, мавзӯи мазкур ахиран дар мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг бо Дебора Коузинс, директори шӯъбаи Бонки таҷдид ва рушди Аврупо оид ба масоили муҳити зист ва рушди устувор баррасӣ гардид.
Орумбекзода ба суоли хонум Дебора Коузинс, ки оё ҳангоми кӯчонидани муҷассама арзиши фарҳангии он коҳиш намеёбад, изҳор доштааст, ки “муҷассама ба мавзеи нав бе расонидани зарар ба муҳити зист ва арзиши мероси фарҳангӣ кӯчонида мешавад. Инчунин мавзеи нави муҷассама дар масоҳати 2 га замин, ки аз гулзор иборат хоҳад буд, беҳтару мувофиқтар аст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |