Нашри клипи нави Таҳмина Ниёзова (ВИДЕО)
Саҳфаи расмии овозхони шинохтаи тоҷик Таҳмина Ниёзова дар YouТube клипи нави ӯро нашр кардааст.
Ин клип бар пояи таронаи русии “Ты не достоин меня” (Ту сазовори ман нестӣ) дар Мақдуния наворбардорӣ шудааст.
Матни тарона аз Кирилл Комбаров ва оҳанги он моли Зоран Алексис мебошад. Тахмина ба “Россия для всех” гуфтааст, продюсераш Даниэл Стоядинович ба вай пешниҳод карда, то клип дар Мақдуния сабт шавад: “Ӯ пешниҳод кард, то ба Мақдуния рафта, бо композитор Зоран Алексис ошно шавам”.
Таҳмина Ниёзова 14 феврали соли 1989 дар Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ набераи Боймуҳаммад Ниёзов, яке аз шашмақомсароёни саршиноси тоҷик аст. Вақте 19 сол дошт, дар соли 2008 барандаи озмуни “Панҷ ситора. Интервидение” шуд. Маҳз ҳамин муваффақият ӯро миёни ҳаводорони санъати овозхонӣ маъруф кард. Ӯ бештар бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ тарона мехонад. “Ман ошиқи ту”, “Ба нози Лайло”, “Ёри ҷонам”, “Боди сабо” ва “Занги телефон” аз маъруфтарин таронаҳори тоҷикии ӯянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |