Мулоқоти 3-юми Керрӣ бо ҳамтои тоҷикаш дар формати С5+1

Ҷон Керрӣ, котиби давлатии Амрико 7-уми декабр бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоқот доштааст, ки вохӯрии сеюм дар ин формат мебошад.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мулоқот бо ташаббуси Ҷон Керрӣ дар шаҳри Ҳамбурги Олмон дар формати С5+1 дар ҳошияи Иҷлоси 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи САҲА баргузор гардид: “Зимни мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ роҷеъ ба роҳҳои беҳтари баҳрабардорӣ аз абзорҳои С5+1, инчунин масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои ҷорӣ ҷиҳати тавсеа бахшидан ба ҳамкориҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд”.
Мулоқоти қаблии гурӯҳи “С5+1”, яъне панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Амрико моҳи августи соли равон дар Вашингтон баргузор шуда буд. Аслов дар ин нишаст изҳор дошт, ки ҳузури ИМА дар иқтисоди Осиёи Марказӣ дар пешрафти иқтисод ва суботи минтақа самҳгузор хоҳад шуд: ““Тоҷикистон мутмаин аст, ки ҳамоиши ин кишвар дар гурӯҳи “С5+1” ба мо имконият медиҳад, ки самтҳои нави ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА-ро боз кунем”.
Бори аввал вазирони хориҷаи шаш кишвар дар формати “С5+1 “моҳи ноябри соли 2015 дар шаҳри Самарқанди Узбакистон дидору гуфтугӯ карда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |