Фармони Президент алайҳи ифротгароӣ: Таҳаммулгароӣ ташаккул ёбад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои фармон Стратегияи миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020-ро тасдиқ кардааст, ки бар асоси он мубориза бо экстремизму терроризм пурзӯр мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон, додситони кулли кишварро муваззаф кардааст, ки дар бораи иҷрои барномаи мубориза бо терроризму экстремизм ҳар сол на дертар аз 15-уми феврал ба раисиҷумҳури Тоҷикистон гузориш диҳад.
Бар асоси фармони раисиҷумҳур тамоми мақомоти марказӣ ва маҳалллӣ супориш гирифтаанд, ки нақшаи дохилиро таҳия кунанд ва дар мавриди мубориза бо экстремизм миёни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд: “Дар бораи иҷрои нақшаи татбиқи Стратегияи миллии мубориза бо терроризму экстремизм на дертар аз 15-уми январи ҳар сол ба додситонии кул ҳисобот диҳанд”.
Дар Стратегияи тасдиқкардаи раисиҷумҳур таъкид шудааст, ки Тоҷикистон таҳдиди экстремизму терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди муътадил дарк мекунад: “Созмонҳои террористию экстремистӣ фаъолияташонро барои паҳни идеологияи ифротӣ, ҷудоиандозии динӣ ва ҷалби ҷавонон пурзӯр карда, талош доранд, сохтори иҷтимоӣ-сиёсиро дар ин ё он кишвар тариқи зӯрӣ тағйир диҳанд”.
Дар санад бо зикри таҷрибаи байналмилалӣ таъкид шудааст, ки барои муваффақият дар мубориза алайҳи экстремизму терроризм бояд омилҳои идеологӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳуқуқию сохторӣ, ки ба фаъолияти ифротгароён мусоидат мекунанд, аз байн бурда шаванд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо тасдиқи Стратегия мақомоти кишварро муваззаф кардааст, омилу равандҳои асосии экстремизму ифротгароиро, ки ба терроризм мебаранд, таҳлил кунанд: “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ алайҳи терроризму экстремизм ба хотири ҳифзи сохти конститутсионӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон муайян шаванд”.
Бар асоси Стратегия бояд таҳаммулгароӣ дар ҷомеа ташаккул ёбаду заминаи ҳуқуқӣ барои мубориза бо ифротгароӣ такмил дода шавад: “Мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар амри мубориза алайҳи терроризму экстремизм муттаҳид бошанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |