Исроил ба кӯдакони маъюби тоҷик аробачаҳои истеҳсоли “3D” медиҳад
Ширкати исроилии “Keter Plastic”, ба кӯдакони маъюби Тоҷикистон сандалии чархдори махсус мефиристад, ки сабуку арзон мебошанд.
Пабло Каплан, муовини иҷроияи пешини раҳбари ин ширкат ва Чава Ротштейн, ҳамкори ӯ ба пойгоҳи хабарии “ISRAEL21c” гуфтаанд онҳо дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии беҳдшт, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ва Сандуқи байналмилалии кӯдакон иттилоъ ёфтаанд, ки дар саросари ҷаҳон 7 миллион кӯдак ба сандалии чархдор ниёз дорад.
Ба навиштаи манбаъ ин сандалиҳои кӯдакони маъюб аз сӯи ширкатҳои “Ziv-Av Engineering Group” ва “Nekuda Design Management” дар принтерҳои бузурги “3D” бо қиммати сад доллар барои 1 сандалӣ тавлид шудаанд. Ба ҷуз аз Тоҷикистон қарор аст ин сандалиҳо ба кишварҳои Перу, Эфиопия, Ҷумҳурии Доминикан фиристода мешаванд. Инчунин барои кӯдакони паноҳандаи Сурия низ ихтисос дода шудаанд.
Пабло Каплан, гуфтааст: “Масъалаи меҳварӣ ин аст, ки сандалиҳо ба кӯдакон шароит фароҳам мекунанд, ки онҳо ҳаракат кунанд. Дар ғайри сурат онҳо наметавонанд ба мактаб ва ҷомеа дастрасӣ дошта бошанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |