Трамп аз ҳавопаймои нави президентӣ даст кашиданист
Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Амрико маблағи сохтани ҳавопаймои махсуси ширкати “Боинг”-ро “берун аз контрол” хонда, хостори лағви он шудааст.
Трамп дирӯз, 6 декабр дар сафҳаи Твиттери худ навишт: “Боинг” дар ҳоли сохтани ҳавопаймои нав барои раисҷумҳури оянда аст, вале ҳазинаи он бисёр зиёд аст. Бештар аз 4 миллиард доллар. Ин супоришро лағв кунед”.
Дар пайи ин паём ширкати “Боинг” бо нашри як иттилоия ҳаҷми маблағро хеле камтар аз 4 миллирад гуфтааст: “Мо дар ҳоли ҳозир бо қарордоди 170 миллион доллар барои кумак дар таъйини қобилиятҳои ин ҳавопаймо ҳастем, ки бо шароити мунҳасир ба фард дар хидмати раисҷумҳури Амрико хоҳад буд. Мо дар интизори ҳамкорӣ бо неруҳои ҳавоии Амрико дар марҳилаҳои баъдии барнома ҳастем ки иҷоза медиҳад бо арзиши муносиб барои андозсупорандагони амрикоӣ барои раисҷумҳур ҳавопаймоҳои беҳтарин бисозем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |