Маҳкумияти Ахмедова барои кӯдакрабоӣ ва ташкили фоҳишахона

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур Матлуба Ахмедова, сокини 48-солаи Душанбе ва шарикаш Раҳмоналӣ Ғиёсови 24-сола, корманди беморхонаи мавсум ба “1-ум Советский”-ро дар кӯдакрабоӣ гунаҳкор донистааст.
Тавре аз додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Ахмедова ба 9 сол ва Ғиёсов ба 8,5 соли зиндон маҳкум шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, Ахмедова инчунин дар толори маҳсгарияш бо ҷалби духтарон фоҳишахонаро ташкил дода, барои хидматҳои маҳрамона аз 150 то 250 сомонӣ маблағ мегирифтааст: “Барои ташкили фоҳишахона ба 2 ва барои кӯдакрабоӣ ба 8,5 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳукми ниҳоӣ нисбати Ахмедова 9 соли зиндон таъин шуд”.
Тибқи парванда Матлуба Ахмедоваи бо модари ин ноболиғ хусумати шахсӣ доштааст. Ӯ хостааст, тариқи гаравгон гирифтани духтари ноболиғ аз модараш пулу санадҳоеро, ки гӯиё дуздидааст, бозпас гирад. Ахмедова қаблан бо модари духтарча дар толори маҳсгарӣ кор мекардааст ва вақте моҳи июни соли равон “сейф” бо пулу санадҳо гум мешавад, Ахмедова модари ноболиғро гунаҳкор кардааст. Ӯ ба ҳамин восита хостааст, амволи гумшударо бозпас гардонад.
Ахмедова ба ронандае, ки ба ҳайси таксӣ фаъолият мекардааст, барои аз маҳаллаи "Садбарг" то маҳалли иҷора дар Зарафшон бурдани ноболиғи рабудашуда 2000 доллар ваъда кардааст.
Аммо “таксист” Кароматулло Маҷидов, ки дар қисми низомии 3502-и ВКД фаъолият доштааст, ин корро анҷом намедиҳад: “Бино ба гуфтаи худи майор Маҷидов, вай беш аз ду сол инҷониб Матлуба Ахмедоваро мешинохт ва баъзан ҳамчун таксист ба ӯ хизмат мерасонид. Ҳанӯз пеш аз оғози моҳи Рамазон буд, ки Ахмедова ба ӯ акси Ф.Б.-ро нишон дода гуфт, нақшаи дуздидани кӯдакро дорад ва бояд Маҷидов кӯдакро аз назди "Садбарг" то ба маҳаллаи Зарафшон расонад. "Ҳаққи хизмат" - 2000 доллари ИМА. Маҷидов розӣ шуд ва... нақшаи ҷинояткоронро ба роҳбарият расонид. Рӯзи гузаронидани амалиёт ҷони худро ба хатар гузошт ва вазифаи наздаш гузошташударо бо сари баланд иҷро кард”.
Ҳодисаи дуздӣ рӯзи чоршанбе, 20 июли соли равон, дар атрофи Маркази савдои “Садбарг”, дақиқан дар ҳамон мавзеъе рӯй додааст, ки Араловаҳо ва баъдтар Осия гум шуданд. Ф.Б-и 7-сола ҳамсояи Осияву Араловаҳо ва мисли онҳо яккафарзанд будааст. Кӯдаки дуздидашуда баъди ҳамагӣ 20 дақиқа озод карда шуда, ба модараш баргардонида шудааст.
Мақомот қаблан хабар доданд, ки ҳангоми кофтуков аз манзили ба иҷорагирифтаи ин гуруҳ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе асбобу олоти ҷарроҳикунӣ, сӯзандорову ҳабҳои мадҳушкунанда (Феназепам, Диазепам) ва ҳатто либосҳои кӯдакона пайдо шудаанд: "Аз дохили мошине ҳам, ки Ф.Б.-и ноболиғ бо он бурда мешуд, сӯзандорӯи омодашуда пайдо гардидааст, ки бо моеъи мадҳушкунанда омехта шудааст".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |