Консерти Ҷӯрабек Назрӣ дар Театри опера ва балети Душанбе
Дар шаҳри Душанбе маҳфили ҳунарӣ ва адабии Ҷӯрабек Назрӣ, арбоби санъати Тоҷикистон баргузор мешавад.
Ин маҳфил соати 17:00-и 9 декабри соли равон дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ шурӯъ хоҳад шуд.
Ин консерт дар ҳоле баргузор мешавад, Ҷӯрабек Назрӣ чандин сол аст, ҳеч барномаи ҳунарие созмон надодааст. Мубтакирони маҳфили мазкур ба “Озодагон” гуфтанд, “бозгашти Устоди санъати тоҷик ба саҳнаи бузург талошест барои эҳёи ҳунари асил ва бозгардонидани ҳунарманди воқеӣ ба ҷойгоҳи муқаддас дар сахнаи ҳунар”.
Ҷӯрабек Назрӣ, узви вобастаи Академияи улум буда, дар гузашта раҳбари Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |