Барфи аввал Каримовро аз мансабаш маҳрум кард
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе аз кори масъулини пойтахт барои рафъи оқибатҳои барфрезии охир изҳори норозигӣ кард.
Тавре аз шаҳрдорӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Убайдуллоев охири ҳафтаи гузашта зимни ҷаласаи васеъ бори дигар масъулинро барои саривақт бартараф накардани оқибатҳои барфрезӣ ва таъмин набудани ҳаракати муназзами нақлиёти мусофирбар интиқод намудааст: Убайдуллоев бинобар сабаби каммасъулиятӣ дар иҷрои вазифаҳои барзиммадошта сардори Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Саид Каримовро аз мақомаш барканор намуд”.
Раиси Душанбе инчунин хостори баланд бардоштани сифату фарҳанги хизматрасонӣ дар соҳаи мусофирбарӣ шуда, бо ин мақсад чунин муқаррар кардааст: “Дар сурати аз 70% кам кардани барориши ҳамарўзаи воситаҳои нақлиёт ба хатсайрҳо, литсензияи ширкатҳои хизматрасон бозхонд ва тавассути баргузории тендер хатсайрҳо ба ташкилотҳои дигар вобаста карда мешаванд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |