Сафорати Амрико дар доираи “16-рӯзи фаъолият алайҳи хушунат нисбат ба занон” имрӯз, 3-юми декабр дар Боғи ботаникии Душанбе мусобиқаи дав баргузор намуд.
Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Тоҷикистон зимни ифтитоҳи мусобиқа гуфт, ҳадаф аз ин маросим мубориза бо шиканҷаи занон мебошад: “Дар ин ҷо воқеан нафароне ҷамъ омадаанд, ки зидди шиканҷаи занон ҳастанд ва мақсади ҷамъ омадан на танҳо дав, балки фикр дар бораи роҳҳои мубориза бар зидди хушунати занон аст”.
Ҳамасола аз 25-уми ноябр то 10-уми декабр, ки Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон аст, барномаи 16 рӯзи фаъолият алайҳи шиканҷаи занон амалӣ мешавад.
Имсол дар доираи ин лоиҳа бо дастгирии СММ дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе латукӯби ҷавондухтар саҳнасозӣ шуда, вокуниши роҳгузарон пинҳонӣ ба навор гирифта шуд. Тибқи видеои ин озмоиш аксари роҳгузарон ба латукӯби духтар дар пешашон бетафовутӣ карда, роҳашонро идома медоданд.
ВИДЕОИ ОЗМОИШ ИН ҶОСТАксҳо аз мусобиқаи дав дар Душанбе:
Мӯҳр