Асрори нопадид шудани модари 28-солаи 2 кӯдак: Ӯро куштаанд (АКС)
Асрори нопадид шудани Гулрӯ Хайруллоева, сокини 28-солаи деҳаи Гулшани ноҳиия Ашт, модари 2 кӯдак, ки 10-уми декабри соли 2010 бедарак шуд, баъди 6 сол ошкор гардид.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, муайян шудааст, ки Хайруллоеваро куштаанд: “Бо иттиҳоми куштор Султонов Ҳабибулло Нарзуллоевич, соли таваллудаш 1963 ва Ботуров Элмурод Юлдошевич, соли таваллудаш 1983, ки ҳар ду ҳамдеҳагони Гулрӯ Хайруллоева мебошанд, боздошт гардиданд”.
Манбаъ мегӯяд, Хайруллоева бо Ҳабибулло Султонов никоҳи шаръӣ доштааст ва куштор дар пайи як муноқиша дар ҳолати мастӣ сурат гирфтааст: “Ҳангоми мулоқот дар назди нуқтаи таъмини сӯзишвории собиқ хоҷагии деҳқонии ба номи «Хайруллоев»-и ҷамоати деҳоти Шодоба миёни Гулрӯ ва Султонову Ботуров муноқиша рух додааст. Дар натиҷа ҳар кадоме ду борӣ ба узвҳои ҳаётан муҳими чабрдида зарба зада, ҷасадро ба обанбори нуқтаи сӯзишворӣ партофтаанд”.
Вазорати умури дохилӣ афзуд, феълан алайҳи боздоштшудагон бо иттиҳоми куштор парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |